...Саидризо Ализода аввалин муаллифи адабиёти таълимӣ ба забонҳои тоҷикӣ баъд аз Инқилоби Октябр мебошад. "Дабистони тоҷик", "Китоби нахустин" (1920), "Сарфу наҳви тоҷикӣ", "Маданияти ислом", "Саодатнома" (1926) аз ҷумлаи онҳоянд...

 Худо раҳмат кунад, Саййидризо Ализодаи шаҳидро, эшон бо ибтикори шахсӣ ва бо ҳазинаи худ маҷаллаи "Шуълаи инқилоб"-ро таъсис дода буданд, ин нашрияи пурфурӯғ то 91 шумора, то он даме ки устод Ализода тавони молии нашрашро доштанд, ба табъ расид. "Шуълаи инқилоб" дар ҳамон давра баройи қавми мо -- тоҷикон, ШОҲНОМА -и Ҳакимм Фирдавсӣ ва ё ТОҶИКОН-и академик Бобоҷон Ғафуровро мемонд. Ёдат ба хайр, эй қаҳрамони мо, ки чун Ҳабиби Юсуфӣ дар лаб номи ВАТАН ҷон нисор кардӣ...
Обид Шукурзода 

    Англисҳо барои сари Саидризо Ализода 50000 фунт стерлинг муқаррар намуда буданд. Амири Бухоро низ ӯро куштан мехост. Баъдан зимомдорони давлати шӯравӣ ӯро бо гумони "ҷосуси империализми ҷаҳонӣ" дар маҳбас ба қатл расониданд.
Таърихи матбуоти тоҷик аз рӯзҳои аввали дар майдони сухан арзи вуҷуд намуданаш пур аз муаммову кушторҳои фаҷеь будааст. Тақдири асосгузорони он - Садриддин Айнӣ, Беҳбудӣ, Абдурауфи Фитрат ва бисёри дигар шоҳидон гӯёи воқеоти он солҳо мебошад. Қиссаи мо аз сарнавишти талхи яке аз онҳост.
Самарқанди аввали асри бист. Гузари Чорсу. Солиёни дароз ба яке аз ҳавлиҳои он ҳиндуву эронӣ, русу тотор ва ғайра даробаро мекарданд. Меҳмонҳои миллатҳои гуногунро донишу фазл, меҳмондорию тараққихоҳӣ ва забондонии соҳиби хона Мирмаъсум Ализода ҷалбу мафтун карда буд ва онҳо аз ҳар сафари худ барои ӯ китобу маҷаллаву рӯзнома дастовез меоварданд. "Ҳаблулматин", "Тарҷумон", "Чеҳранамо", "Вақт" ва "Шӯро" мавриди қироату баҳси аҳли нишаст буд.
Мирмаъсуми косиб забонҳои арабӣ, туркӣ, ҳиндуро хуб медонист ва писараш Саидризо Ализодаро аз забони арабиву улуми динӣ бархӯрдор намуда, пасон ба мактаби Абулқосими тараққипарвар медиҳад. Ба шаҳодати шодравон Раҳим Ҳошим, ки хеши наздики хонадони Ализода буд, Саидризои навҷавон дар гузари худ мактаби ҷадид мекушояд ва бо амри ҳукуматдорони рус амири Бухоро соли 1912 онро мебандад.
Дар манбаъҳои расмии ба мо маълум омада, ки Саидризо то Инқилоби Октябр дар корхонаи падараш ба бофандагӣ машғул будааст. Агар ӯ ҳамаи ин муддат ба бофандагӣ, ки заҳмати тоқатшикан буд, машғул мешуд, пас забонҳои русӣ, фаронсавӣ, арманӣ, туркӣ, тоторӣ, арабӣ, ҳиндӣ, ҷамъ 12 забонро кай ва дар куҷо меомӯхт?
Раҳим Ҳошим нақл кардааст, ки боре Мирмаъсум ӯву Саидризои хурдсолро ба Озарбойҷон ба хонаи хеши давлатманду бомаърифаташон, яке аз роҳбарони ширкати калонарини нафти Боку Зайналобиддини Тагӣ бурдааст. Саидризо бо ҳидояти Тагӣ ба омӯзиши забони фаронсавӣ машғул мешавад. Баъдан ба эҳтироми ӯ номи нахустписарашро Тагӣ мегузорад.
Хонаи худи Саидризо Ализода низ баъдҳо ҳамчун маҳфилгаҳи илмиву адабии Самарқанд шӯҳрат дошт ва Садриддин Айнӣ, Туғрал, Чулпон, Абдурауф Фитрат, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулқосими Лоҳутӣ, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Тӯрақул Зеҳнӣ ба он ҷо равуо доштанд. Ҳамсари устод Лоҳутӣ - Ситсилиябону ёдовар шуда, ки забони тоҷикиро дар ҳавлии Саидризо Ализода омӯхтааст.
Саидризо Ализода солҳои 1919-21 ҳам котиби Кумитаи ҳизбии ноҳияи Боғишамоли Самарқанд буд ва ҳам муҳарририи маҷаллаи "Шӯълаи инқилоб"-ро ба ӯҳда дошт. "Шӯълаи инқилоб" бо мақолаҳои ҷанбаи маърифатӣ ва ошкоркунанда доштааш чашми оммаи меҳнаткашро ба авзои Осиёи Миёнаву Қафқоз, Русияву Туркия ва дар маҷмӯъ ба авзои ҷаҳон боз намуд. Ҳамин вақт буд, ки англисҳо барои сари ӯ 50000 фунт стерлинг нарх гузоштанд. Дар натиҷаи ин сӯиқасд яке аз дӯстони Саидризо Ализода, олими эронӣ Зей Муҳаммад ваҳшиёна кушта шуд. Дар ҳамин маҷаллаи "Шӯълаи инқилоб" устод Садриддин Айнӣ ҳамчун публитсисти шӯълавар ба камол расид. Дар омади гап бояд гуфт, ки баъд аз ҳиҷрати устод Айнӣ аз Бухоро ба Самарқанд Саидризо Ализода ҳамеша ба ӯ кӯмакҳои моддӣ ва маънавӣ расонидааст.
Саидризо Ализода аввалин муаллифи адабиёти таълимӣ ба забонҳои тоҷикӣ баъд аз Инқилоби Октябр мебошад. "Дабистони тоҷик", "Китоби нахустин" (1920), "Сарфу наҳви тоҷикӣ", "Маданияти ислом", "Саодатнома" (1926) аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳамчунин, дар соли 1926 асари Е. Э. Бертелс - "Мовароуннаҳр"-ро ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, туркӣ ва урду тарҷума намуда, дар Лоҳури Покистон ба чоп мерасонад. Ба шаҳодати хешовандонаш, ӯ бо хоҳиши як дӯсти фаронсавиаш порае аз "Қуръон"-ро низ ба фаронсавӣ тарҷума карда буд. Тарҷумаи асари В. И. Ленин - "Инқилоб ба мардум чӣ дод?", ки дар шумораи аввали "Шӯълаи инқилоб" ба чоп расидааст, ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Амири Бухоро низ ҳукми қатли ӯро бароварда буд. Ҷаллодони амир ӯро дастгир карда натавонистанд ва ҳаммаслакаш муфтӣ Мидҳатхоҷаи Беҳбудиро дар Қаршӣ дар соли 1919 ба дор кашиданд. Саидризо Ализода аз марги фоҷиабори дӯсташ бохабар шуда, бо ҳамдастии устод Айнӣ марсияи пурсӯзу гудоз менависад.
Ализода аз нимаи дуввуми солҳои бистум то охири солҳои сиюм ба таълифи китобу тарҷумаи осори адибони ҷаҳон ва тадрис дар мактабҳои олии Самарқанд машғул мешавад.
Бори охирин Саидризо Ализода соли 1936 бо ҷурми забондониаш (гӯё гумоштаи империализми ҷаҳонӣ бошад) гирифтори таъқиб ва шиканҷаи НКВД-и шӯравӣ мегардад, ки дар натиҷаи он дар соли 1945 (дар маъхазҳои даврони шӯравӣ соли 1938 нишон дода шудааст) баъд аз маҳрумияти 8-сола дар зиндонҳои Самарқанду Тошканду Тоболск, риштаи умраш дар зиндони шаҳри Владимири Русия канда мешавад. Дар давоми ҳашт сол Ализода ба номи сарварони Ҳукумати Шӯравӣ зиёда аз 400 нома менависад, ки ҳамааш беҷавоб мондааст.
Ҳамон сол фарзанди Саидризо Ализода - Тагӣ ва домодаш, нависандаву тарҷумон Ҳасан Ирфонро низ муддате ҳабс карда буданд.
Бади 32 соли марги ӯ яке аз наберагонаш - Фарҳод Ализода дар ҷустуҷӯйи қабри бобояш то ба маҳбаси шаҳри Владимир мерасад. Он ҷо сардори ҳамонвақтаи маҳбас Ривинскийро меёбад ва ин шахс ба Фарҳод нақл кардааст, ки дар муқоваи парвандаи Саидризо Ализода аломати хитоб гузошта буданд ва ин маънои маҳбуси хеле хатарнокро дошт. Бо вуҷуди ин, дар байни онҳо алоқаи дӯстӣ барқарор мегардад ва Ализода ба Ривинский забони ибриро меомӯзонад. Одатан маҳбусонро баъд аз иҷрои ҳукми қатл якҷоя дар хандақҳо хокпӯш мекарданд. Вале Ривинский ҷасади Саидризо Ализодаро алоҳида мегӯронад ва дар болои қабраш тахтасанге бо навиштаҷот мегузорад. Ӯ то вохӯрӣ бо Фарҳод нигоҳубини қабрро ба ӯҳда доштааст.
Соли 1986 Фарҳод Ализода устухонҳои бобояшро ба Самарқанд оварда, ҷаноза мекунад ва бо тантана ба хок месупорад. Ҳамон сол дар шаҳри Самарқанд як кӯча ва як мактабро ба номи Саидризо Ализода мегузоранд. Қабри ӯ ҳоло зиёратгоҳи мардум ва ҳамеша гулпӯш аст.

Ҷумҳур Ҷаъфарови Самарқандӣ, «Самак»




Саидризо Ализода 

и 103-летие национальной журналистики


   Ежегодно 11-марта вся республика отмечает день рождения журналистики Бухары. За прошедшие годы многое изменилось. Зарождение таджикской печати берет свое начало с выходом первой газеты на таджикском языке «Бухорои Шариф» (11-марта 1912) года. Эта дата и принята как день рождения нашей национальной журналистики. В этой связи считаем уместным несколько подробней остановиться на жизнь и журналистскую деятельность одного из основателей национальной журналистики Сайидризо Ализаде. Сайидризо Ализаде по праву считается одним из просветителей и создателей таджикской прессы начала 20 века. Следует отметить, что реформаторства и просветительство в Средней Азии связано с деятельностью видного поборника просвещения Аҳмада Дониша, который смог в период господства тирании, произвола и отсталости края высказать смелые слова о прогрессе, преобразовании, свободе, науке и образования.

Своей безграничной смелостью его имя было известно не только в Бухаре, но и за её пределами. Ахмади Дониш и его сторонники своими просветительскими идеями и взглядами в конце 19 века заложили прочную основу, и просветители-реформаторы начала 20 века, которые в истории известны под названием Джадиды, начали свою активную деятельность.

Они джадиды начали свою деятельность с открытием первых персидско- таджикских новометодных школ в начале 20 века в Самарканде, Бухаре. Первыми кто выступал за реформу во всех отраслях жизни общества были Махмудходжа Бехбуди, Абдулкодир Шакури, Мирзо Абдулвохид Мунзим, Садриддин Айни, Хомидходжа Мехри, Ахмаджон Хамди и др. В этом благородном деле были изданы учебники и учебные пособии для новометодных школ. В том числе учебные книги Махмудходжа Бехбуди, Ходжа Муъина, Исматулло Рахматуллозода «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» Абдулкодира Шакури, «Раҳбари хат» Мунзима, «Таҳзиб-ус-сибён», «Тартил-ул-Қуръон», «Заруриёти диния»- Садриддина Айни, «Роҳбари форсӣ» Муҳаммадрасула Расули, «Мухтасари таърихи ислом» Фитрата и многие другие. Названные книги стали известны и популярны не только в Средней Азии, но и в других персоязычных странах. В число представителей просветительского движения имя и заслуги Саидризо Ализаде стоит особняком. По праву Сайидризо Ализаде — является одним из выдающихся просветителей и реформатором, основателем таджикской печати начала 20 века. Он родился в 1887 году в районе Богишамол города Самарканд в семье талантливого ткача шёлка Мирмухсина, образованного человека. Новометодные школы за кроткий срок дали положительные результаты. Например в Богишамолской школе, от 60 до 80 учеников посредством новых методов обучения в течение пяти лет учились с турецко- персидским словарем через некоторое время из-за нехватки денег школа была закрыта. Примерно на 10 тысяч иранцев проживающих в Богишимола нет ни одной школы. Как явствует из слов Ализода, жители Богишимол Самарканда «все иранцы, которые в 1200 году хиджры (1786 год н. э.) из — за войны Бухарского Эмира Мирмаъсума и хана Марва Байрамъалихона, после жестокого предательства Бухарского эмира Марв был свергнут и Байрамъалихон был убит, и в качестве пленных из Марва в Бухару привезли большую часть пленных-иранцев, остальные разбросаны по городам Туркестана.

По наблюдениям одного из известных ученых Рахима Хошима, « чтение газет (изданий) и книг, которые издавались в Азербайджане, Иране и Индии, первой декаде начала 20 века в Самарканде также были доступны заинтересованным людям. Его знакомство с Шейхом Абулкосимом, ученым и азербайджанским прогрессивным священником, который в те годы в изгнании жил в Самарканде, сыграл важную роль в становлении его как просветителя. Ализаде в новометодной школе, которую основал Шайх Абулкосим в районе Богишимол начал работать в качестве учителя и многие годы совмещал работу в сфере печати и занимался преподавательской деятельностью. Начиная с этого периода, Ализаде активно сотрудничал с газетами и журналами издаваемые в крае.

Сайидризо Ализаде сотрудничал с местными газетами, которые выходили на русском и турецком языках некоторое время работал в типографии Демурова города Самарканда в качестве наборщика и затем в русском журнале «Самарканд» в качестве корректора.

Исполняя свои обязанности в издательстве социал – демократов Средней Азии, «Самарканд», учредителями которых был руководитель социал-демократов Туркестана Морозов, в статьях он сурово критиковал захватническую политику царского правительства по отношению к народам Средней Азии, в частности к горным таджикам Зеравшана, что сыграло важную роль в пробуждении и самосознании трудящихся масс.

Таким образом, он познакомился с издательским и печатным делом. Хорошо выучил русский язык, познакомился с русской литературой, что сыграло важную роль в его последующей деятельности – учителя, в составлении учебных книг, словарей, в печати и в переводческой деятельности.

Он с первых дней открытия знаменитых просветительских таджикских изданий одного из знаменитых личностей политической и журналистской сферы Средней Азии Махмудходжа Бехбуди, начал сотрудничать в его газете на трех языках таджикском, узбекском и русском «Самарканд» и в журнале на двух языках таджикском и узбекском «Ойина» («Зеркало»). Он был ответственным таджикского отдела названных изданий, и на их страницах публиковал свои статьи о жизни и чаяний персоязычных людей Средней Азии.

Внимание просветителя и красноречиво пламенного литератора-журналиста привлекало больше всего школьные проблемы персоязычных народов города Самарканд, методы обучения в старых школах и медресе. Не удовлетворяли методы обучения в этих школах, и они всеми путями пытались реформировать систему образования в школах. В цикле своих статей в газете «Самарканд» и в журнале «Ойина» он рассматривал проблемы этих школ.

В газете «Самарканд» и в журнале «Ойина» из газеты «Сирож –ул-ахбори афгония» Махмуда Тарзи были напечатаны статьи о проблемах новых школ в Афганистане и отмечалось, что такие недостатки и нехватки также наблюдаются в школах Самарканда. Саийидризо Ализаде внёс неоценимый вклад в создании еженедельника «Шуълаи инкилоб» («Пламя революции»).

Больше всего внимание Сайидризо Ализаде в первые годы образования Советского государства, на территории которого было объявлено равноправие всех наций и народностей, привлекли проблемы школьного образования и печати. В 1919г. с целью улучшения революционной пропаганды среди персоязычных народов Средней Азии при правительстве Туркестана организуется персидское отделение, которое объединяло всех персоязычных народов республики — таджиков, иранцев и афганцев. Зав. отделом был назначен Саидризо Али-Заде. Этот отдел стал инициатором издания первой советской еженедельной газеты на таджикском языке «Шуълаи инкилоб» («Пламя революции»). 7 марта 1919 г. редактором газеты «Шуълаи инкилоб» был назначен Саидризо Ализаде. Сын рядового труженика города Самарканда, Саидризо Ализаде еще в дореволюционное время завоевал авторитет хорошего публициста, знатока русского языка.

Особенно активно участвовал он в издании газеты «Самарканд»(1913-1914гг). С первых дней народной власти он становится активным работником в советских учреждениях. В 1918г. Ализаде вступает в ряды Коммунистической партии. Активно сотрудничает в узбекских газетах «Иштирокиюн», «Мехнаткашлар товуши».

Еженедельник «Шуълаи инкилоб» любили и с большим удовольствием читали почти во всех уголках эмирата. Этому способствовали опубликованные в нем первые директивы Советской власти, интересные и живые статьи и корреспонденции видных таджикских публицистов С.Айни, С.Ализаде, Х.М. Шукруллаева и др.

В статьях и стихотворениях газеты «Шуълаи инкилоб», посвященных Бухаре, отражались чаяние и надежда жаждущих свободной жизни населения страны. В этом заключалось направление газеты — проведение большевистских идей в бухарском вопросе. В истории «Шуълаи инкилоб» можно выделить два периода-до выхода 23 номера (16октября 1919г.) и после него.

Первый период охватывает время, когда газета не имела большого успеха среди читателей и печаталась в сложных условиях: не было хорошей технической базы; не хватало квалифицированных журналистов; малый тираж издания привел к тому, что за 6 месяцев своего существования еженедельник понес убыток в 30 тыс. рублей. Поэтому на 22-м номере выпуск его приостановился.

7 декабря 1919 г., после двухмесячного «отдыха», вышел очередной, 23 номер еженедельника, в передовице которого отмечалось следующее: «Обком партии, оказав отцовскую заботу, уделив большое внимание, в короткий срок обеспечил нужные условия для продолжения издания еженедельника». Говоря, и жизни и деятельности поборника просветительских идей и создание периодической печати в Средней Азии следует сказать, что он познакомил своих товарищей с целью и задачами правительства, в соответствии с требованиями нового времени призывал народ полностью использовать соответствующие условия и существующие возможности. Как просветитель он остался верен традициям своего пути, среди народа пропагандировал изучение наук и активное участие в реформировании системы управления государством, в то время от каждого представителя просвещения нации требовало бдительности и самоотверженности. Но, к сожалению, как и в прежние годы, нация в глубоком сне и неведении упустила подходящее время, не использовала существующие возможности и не обращал внимание на постоянные предупреждения заботливого любимого сына.

Благодаря стараниям Ализаде и его сторонников еженедельник выходил до 8 декабря 1921, было издано 91 номера еженедельника, который познакомил читателей с событиями, происшествиями, изменениями и преобразованиями в мире, городов Самаркандской области, государства Туркестан, Бухарского эмирата, падение эмирата и основание Народной республики Бухара. Кроме того Ализаде активно сотрудничал с газетой «Овози тоҷик». После примерно трех лет затишья в преддверии разделения национальной территории Средней Азии 25 августа 1924 года, в Самарканде вышла в печать первая газета нового времени «Овози Точик» («Голос таджика»). В первом номере газеты в передовице Ализода «Дебоча ва мааром» и статьях Садриддина Айни «Қавми тоҷик ва рӯзнома», Муҳаммаджона Раҳима «Ҷарида чист?», А. Қурбӣ «Аҳолии кӯҳистон ва маъориф» были хорошо изложены цель, задачи и направление дальнейшей деятельности газеты.

По мнению Сайидризо Ализаде, ответственного секретаря «Овози точик», газета знакомила таджиков с государственными обязанностями, а государство в свою очередь при помощи газеты должна понять нужды народа. В действительности газета «Овози точик» публиковала множество статей на важные актуальные проблемы того периода, такие как разделение границ Средней Азии, интересы таджиков, школа и просвещение, история, язык литература и культура таджикского народа, доводила до сведения правительства советского периода нужды народа. Но, к сожалению, правительство не всегда прислушивается к боли сердца таджикского народа.

Другую ветвь плодотворной творческой деятельности Сайидризо Ализаде составляет переводы произведений известных литераторов других народов, по мнению Рахима Хошима «он является одним из мастеров и основателей художественного перевода с русского на таджикский (персидский) и в 1912 году, в ходе своей редакторской деятельности в журнале «Ойина» он начал свою переводческую деятельность».

Благодаря ему на персидский таджикский язык были переведены произведения «Сад фоиз» («Сто процентов») американского писателя Синклера Эптуна (1938), «Дубровский» (1935), «Духтари капитан» (1936), «Моткаи қарамашшоқ» (1937), «Ҳикояҳои Белкин» (1938) основоположника русской литературы Александра Пушкина, «Семент» (1936)- русского писателя Фёдора Гладкова, «Пӯлод чӣ тавр обутоб ёфтааст» (1938) ( «Как закалялась сталь») русского писателя Николая Островского, «Каждум аз меҳроб» (1938) – узбекского писателя Абдулло Кодири.

По словам внука Сайидризо Ализаде – Фархода Ализаде, по указу короля Афганистана Амонуллохона на персидском языке были написаны множество книг относительно истории и просвещения ислама, такие как, «Асри саъодат», «Муросилот-мактубот», «Одоби икром», «Таърихи ислом»,«Таърихи Туркистон», «Қонуниятҳои динӣ», «Маданияти ислом», «Зарурати ислом», «Фан дар бораи коинот», которые были напечатаны в городе Лохур Пакистана.

В течение 1923-1934 были напечатаны десять произведений Сайидризо Ализода. Он был составителем первого «Русско-таджикского словаря» (в двух томах 1933-34), состоит из 61 тысяч слов. В этом словаре были включены многие профессиональные и творческие термины, названия предметов быта, научные и литературные. Журналист, литератор и известный таджикский переводчик Сайидризо Ализаде имел плодотворное сотрудничество и хорошие отношения с товарищами из Ирана, Афганистана. В частности он вел дружескую переписку с известным просветителем Ирана Маликушуъаро Баҳор.

В некоторых персоязычных газетах начала 20 века были опубликованы его сочинения, по информации ныне покойного профессора Худойназара Асозода он вместе с одним из знаменитых политических личностей и известного литератора Афганистана Маҳмуди Тарзӣ, перевел на персидский язык произведение известного французского писателя Жюльна Верна «Саёҳат дар давродаври замин дар 80 рӯз».

Он, как и сотни, тысячи ни в чем не повинных людей стал жертвой сталинских репрессий. Чиновники Советского режима задержали его в 1938 году, во время занятий в государственном Университете Самарканда, согласно режиму он многие годы был заключен в тюрьму обвинялся в шпионаже. Сначала он сидел в тюрьме Тобольска, затем во Владимире, в одноместной камере под пытками и мучениями, согласно официальному заключению он скончался в 1945 году в тюрьме Владимира из-за туберкулёза. В 1987 году после стараний и усилий его внука Фархода Ализода прах Сайидризо Ализаде был перенесен из Владимира на Родину и был погребен на кладбище «Панджоб» в Самарканде.

В Самарканде школа и улица названа именем Ализаде, также создана его бронзовая статуя. Его дом преобразован в музей, который посещают исследователи из Ирана, Германии, России, Франции, Японии, Англии, Америки и из других стран мира для получения более точной и подробной информации о жизни деятельности достойного сына нации.

В Душанбе, столице независимого государства таджиков с целью дань чести храбрости самоотверженности и защите интересов таджиков улица, была названа в честь него для того, чтобы народ Таджикистана лучше знали своих родных сыновей. Таким образом, журналистская деятельность и заслуга Сайидризо Ализаде в становление национальной печати огромна, и представлять неизученную проблему, которую следует исследовать в области таджикской журналистики.

Шариф Муллоев д.ф.н. РТСУ.Advertisements


 Нисар Мухаммад и Саидризо Ализаде

Фрагмент сценарий фильма "НИСАР" (Safarbek Saleh)


Зарождение таджикской печати берет свое начало с выходом первой газеты на таджикском языке «Бухорои Шариф» (11-марта 1912) года. Таджикская интеллигенция начала свою деятельность с открытием первых персидско- таджикских новых школ в начале 20 века в Самарканде, Бухаре и Худжанде. Первыми кто выступал за реформу во всех отраслях жизни общества были Махмудходжа Бехбуди, Абдулкодир Шакури, Мирзо Абдулвохид Мунзим, Садриддин Айни, Хомидходжа Мехри, Ахмаджон Хамди и др. В этом благородном деле были изданы учебники и учебные пособии для ново-методных школ. В том числе учебные книги Махмудходжа Бехбуди, Ходжа Муъина, Исматулло Рахматуллозода «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» Абдулкодира Шакури, «Раҳбари хат» Мунзима, «Таҳзиб-ус-сибён», «Тартил-ул-Қуръон», «Заруриёти диния»- Садриддина Айни, «Роҳбари форсӣ» Муҳаммадрасула Расули, «Мухтасари таърихи ислом» Фитрата и многие другие. Название этих книг стали известны и популярны не только в Средней Азии, но и в других персоязычных странах.
Одним из основателей национальной журналистики является Сайидризо Ализаде. Он по праву считается одним из просветителей и создателей таджикской прессы начала 20 века.
В 1919г. с целью улучшения революционной пропаганды среди персоязычных народов Средней Азии при правительстве Туркестана организуется персидское отделение, которое объединяло всех персо-язычных народов республики — таджиков, иранцев и афганцев. Зав. отделом был назначен Саидризо Али-Заде. Этот отдел стал инициатором издания первой советской еженедельной газеты на таджикском языке «Шуълаи инкилоб» («Пламя революции»). 7 марта 1919 г. редактором газеты «Шуълаи инкилоб» был назначен Саидризо Ализаде. Распространялся во многих странах, в том числе в Индии, Афганистане, Иране, Турции, а также на территории Средней Азии и Закавказья. Журнал был закрыт в декабре того же года. В 1924 году стал ответственным секретарём газеты «Овози тожик». Кроме того работал в газетах «Шарк», «Хуррият», в журнале «Ойна» («Зеркало»).
В течение жизни перевёл на таджикский и узбекский языки «Капитанскую дочку», «Бориса Годунова», «Дубровского», «Евгения Онегина», «Воскресение», «Ревизора», «Поднятую целину», «Цемент», «Как закалялась сталь». Параллельно переводил на русский произведения Ибн Сины, Фирдоуси, Низами, Физули, Наваи. Написал несколько книг по истории России, Туркестана, Европы и ислама
А также он перевёл «Сад фоиз» («Сто процентов») американского писателя Синклера Эптуна (1938) и
«Каждум аз меҳроб» (1938) – узбекского писателя Абдулло Кодири.
По просьбе короля Афганистана Аманулла-хана, Сайидризо Ализаде написал множество книг относительно истории и просвещения ислама, такие как, «Асри саъодат», «Муросилот-мактубот», «Одоби икром», «Таърихи ислом»,«Таърихи Туркистон», «Қонуниятҳои динӣ», «Маданияти ислом», «Зарурати ислом», «Фан дар бораи коинот», на персидском языке которые были напечатаны в городе Лахор в Индии. В течение 1923-1934 были напечатаны десять произведений Сайидризо Ализода. Он был составителем первого «Русско-таджикского словаря» (в двух томах 1933-34), состоит из 61 тысяч слов. В этом словаре были включены многие профессиональные и творческие термины, названия предметов быта, научные и литературные. Журналист, литератор и известный таджикский переводчик Сайидризо Ализаде имел плодотворное сотрудничество и хорошие отношения с интелегенцией из Ирана, Индии и Афганистана. В частности он вел дружескую переписку с известным просветителем Ирана Маликушуъаро Баҳор. В некоторых персоязычных газетах начала 20 века были опубликованы его сочинения, он вместе с одним из знаменитых политических личностей и известного литератора Афганистана Маҳмуди Тарзӣ, перевел на персидский язык произведение известного французского писателя Жюльна Верна «Саёҳат дар давродаври замин дар 80 рӯз».

По приезду в Ташкент Нисар Мухаммад начал преподавать в Военно-Восточном Университете и работать в комиссии просвещения Туркистана, где и работал Саидризо Ализаде. В дальнейшем они стали основоположниками независимой таджикской периодики. Все таджикские газеты начало 20-30х годов прошлого века были связаны с их именами.
Саидризо Ализаде тоже стал жертвой сталинских репрессий. Задержали его в 1938 году, во время занятий в государственном Университете Самарканда, обвинялся в шпионаже. Когда Саидаризо арестовали, его внуку Фархаду было сорок дней. Перед отправкой из самаркандской тюрьмы в Ташкент дед сумел передать родным письмо, в котором попросил свою дочь прийти к нему попрощаться. Она взяла с собой маленького сына. Начальство разрешило короткое свидание только через небольшой глазок тюремных ворот. Саид Ризо попросил дочь вставить в этот глазок мизинец внука. Она выполнила просьбу отца. Тот поцеловал пальчик внука, обвел им свои глаза и сказал, обращаясь к дочери: «Прошу тебя, береги его, придет время, и он расскажет правду». Сначала он сидел в тюрьме Тобольска, затем во Владимире, в одноместной камере под пытками и мучениями. Али-заде оставался человеком, не сломленным жизненными обстоятельствами, уважающим себя и даже гордым. Однажды он обратился к тюремному начальству с просьбой выдать ему френч, отобранный когда-то перед тюремным порогом и хранившийся на складе. Зачем? Он объяснил и это: родным разрешили свидание с ним, они уже выехали к нему из далекого Самарканда. И он не хотел бы, чтобы они увидели его в тюремной одежде. Он скончался в 1945 году в тюрьме Владимира.

До своего расстрела в 1937 году Нисар Мухаммад активно занимается исследовательской работы, получает советское гражданства и теперь его имя и фамилию пишут слитно и на русский лад НИСАРМУХАМЕДОВ. Он писал учебники для таджикских школ, выучил русский язык. В его рукописях я нашел его книгу на фарси «Сказки и былины таджиков Шугнана(Памир), изданное в Ташкенте в 1923 году. В этом же году Нисар Мухаммад в Ташкенте издает «Руководство Арифметики» на таджикском языке. Это 1923 год, еще даже Таджикской Автономной республики не было.
Safarbek Saleh

 



                              ФАРЗОНАЕ АЗ САМАРҚАНД

Вадуд Махмуди
 
    Аз гузашти айём, таърихи тӯлонии бани башар пайдост, ки дар аҳди ҳукмфармоии сарварони ҷоҳил, худкома, истилогар қабл аз ҳама рӯшанфикрон ҷабр дидаанд. Дар замони истибдоди сталинӣ ҳамчунин бисёр рӯшанфикрони мо: шоирон, олимон, адибон, уламои дин бо тӯҳматҳои ноҳақи «душмани халқ», «ҷосуси англис» ва ғайра ба зиндонҳо афканда шудаанд, қатл гардидаанд. Афсӯсҳо бод , ки то ҳанӯз мазори поки пешвои ҷараёни ҷадидия – Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, ки хуфиёна ба қатл расонда шуда буд, маълум нест.
Саидхоҷаи Аҷзӣ, Саидризо Ализода, Абдуқодир Шакурӣ, Абдурауф Фитрат, А. Авлонӣ, А. Чӯлпон, Ҳоҷӣ Муин ва даҳҳо дигарон, ки ҳама аз аҳли фазл ва адаби сарзамини мо буданд, бо тӯҳматҳои гӯшношунид зиндонӣ шудаанд.
Номи неки Вадуд Маҳмудӣ маҳз бо шарофати истиқлоли Ватани мо аз нав зинда гардид. Зеро хидматҳои ҷонфидоёнааш дар ҷодаи танқиди адабӣ, адабиётшиносӣ, маорифи халқ, фалсафа, назм, тарҷумаи адабӣ, матбуот назаррасанд. Ӯ соли 1898 дар гузари Хоҷа Зудмуроди шаҳри Самарқанд, дар оилаи мударрис чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Равшан гардидааст, ки ниёгони вай аз дудмони файласуфи машҳури Машриқзамин Мирсаид Алии Ҳамадонӣ будаанд.
Вадуд Маҳмудӣ (соли 1934) дар дафтари хотирот чунин сабт кардааст:»Аз амакпоччом Мулло Зикриё шунидаам: дар вақти зиндагии падарамон аз Кӯлоб шахсе омада, ҳуҷҷатҳо оварда ва таклиф намудааст, ки тамоми ҳуқуқи сари мазори Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мушаввиз (маҳфуз) аст. Бояд бираванд ва ба он молик бишаванд ва дар ин овон ғайр аз эшон аз он авлод муносибтар ба он мақом касе нест.
Мегуфтанд, ки падарамон ин таклифро рад кардаанд ва аз ҷониби худашон ин шахсро ба ин кор муайян ва тамоми ихтиёрро ба ӯ вогузор намуда фиристодаанд» Вадуд саводи ибтидоиро аз падар омӯхтааст. Сипас дар мактаби нахустини усули ҷадидия, ки Абдуқодир Шакурӣ дар Самарқанд кушода буд, таҳсилро идома дод. Ҳам илмҳои дунявӣ ва ҳам илмҳои диниро басо амиқ омӯхт. Сипас дар ҳамон мактаб баҳри саводомӯзии шогирдон ба Абдуқодир Шакурӣ ёрмандӣ кард.
Вадуд Маҳмудӣ, пас аз инқилоб дар сарзамини мо омӯзгорӣ кардааст. Чанде мудир ва муҳаррири ҷаридаи «Маориф ва ӯқитувчӣ», дар идораи маърифатгоҳ мудири маориф будааст. Дар матбуоти ҳамон замон мақолаҳои зиёди илмӣ, танқидӣ, публисистӣ ва китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ҳамон замон таълиф кардааст. Азбаски забонҳои арабӣ, англисӣ, немисӣ, туркӣ ва ғайраро хуб медонист, бо тарҷумаи адабӣ ҳам машғул шудааст.
Олими адабиётшиноси ӯзбек Баҳодур Карим дар сарсухани рисолаи илмиаш «Вадуд Маҳмудӣ» ба таври ҳаққонӣ изҳор доштааст: «Фаъолияти илмӣ, маданиву маърифатии Вадуд Маҳмуд, назариёти вай дар хусуси симоҳои машҳур аз қабили Навоӣ, Фузулӣ, Беҳбудӣ, Аҷзӣ, Фитрат ва Чӯлпон то ҳанӯз дар таърихи танқиди адабии ӯзбек мавқеи худро соҳиб нашудааст. Омӯзиши онҳо барои рӯшантар тасаввур кардани муҳити илмӣ-адабии солҳои бистум шароит фароҳам меоварад» Вадуд Маҳмудӣ, ки аз фардони некрой, бомаърифату бофарҳанги замони хеш буду мардуми сарзамини худро озод, ватанашро соҳибистиқлол дидан мехосту паи ҳифозати фарҳанг, асолати миллӣ набарди бардавом дошт, аз ҷониби зимомдорони замон, намояндагони «маданияти сурх» таъқибу таҳдид мебинад ва ахиран се маротиба ба муддати даҳ сол зиндонӣ мешавад. 24 соли умри Вадуд Маҳмудӣ дар зиндонҳои Архангелскии Русия сипарӣ мешавад.
Бо гузаштии айём бегуноҳии чунин фардони ватандӯст ва фозил ба тасбит мерасад, аммо умри дар зиндон гузаштаи онҳоро кӣ бозгардон мекунад?
Ҷуръат, матонат ва иродаи қавӣ доштани Вадуд Маҳмудӣ аз номаи ирсолдоштаи вай ба олими адабиётшинос Носирҷон Маъсумӣ бараъло падид меоянд:
«Аз ҳамон соли 1930, ки маро гирифта бурданд, то соли 1954 дар ҳабсхона ё дар сургун мондам. Баъд аз омаданам маро бегуноҳ ёфтанд, ки ду моҳ мешавад ин коғаз ба мо расид.То имрӯз ман ба ҳеҷ ҷое ҳеҷ гуна муроҷиат накардаам, чун акнун андак далерӣ гирифтаам, ба хизмати Шумо ин коғазро навиштам.Шумо медонед, ки дар ин муддати дуру дароз ман аз корҳои илмӣ дур будам ва акнун, ки омадам, синну солам ҳам аз шаст таҷовуз кардааст. Бо вуҷуди ин, дар бораи як шоири самарқандӣ – Сипандӣ якчанд мақола навиштам, боз ҳам дар даст баъзе корҳое дорам, ки мехоҳам онҳоро ба поён расонам.
Бинобар он аз шумо хоҳиш менамоям, ки ба ман барои тамом кардану давом намудан ба корҳои илмӣ ёрмандӣ расонда шавад. Ман алъон на хона дорам, на ҷой, на коре дорам, на таъминот. Албатта, дар ин вазъият илоҷи кор кардан нест.
Умедворам, ки он чӣ аз дастатон меояд, дареғ надошта бошед.
Вадуд Маҳмудӣ»
Чуноне ки дар сӯҳбат бо нигорандаи сатрҳо фарзанди чаҳоруми Вадуд Маҳмудӣ, хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд – Наҷод гуфт, падари вай пас аз бозгашт аз бадарға (соли 1957) дар Самарқанд дар ҳавлии устод Садриддин Айнӣ зиндагӣ кардааст. Суоле бармеояд, ки Вадуд Маҳмудиро бо устод Айнӣ чӣ иртиботест? Завҷаи устод Садриддин Айнӣ – Салоҳатбегим хоҳари Вадуд Маҳмудӣ буда, вайро Абдуқодир Шакурӣ, пас аз ба Самарқанд омадан, ба устод Айнӣ ба шавҳар додааст. Фарзандони Мулло Маҳмудҷон Махдум пас аз фавти вай аз ҷониби Абдуқодир Шакурӣ парасторӣ шудаанд. Хешутаборӣ ва дӯстии ду симои муаззами фарҳанги мо аз ҳамон рӯз маншаъ гирифтааст.
Азбаски ҳавлии устод Айнӣ солҳои шастум ба осорхона табдил меёбад, дар яке аз иморатҳои бисёрошёнаи нави атрофи Регистон ба Вадуд Маҳмудӣ ҳуҷра дода мешавад. Мебояд нуктаеро таъкид кард, ки Вадуд Маҳмудӣ соли 1957 хонадор шудааст ва ҳамаи фарзандонаш дар ҳамин манзил ба воя расидаанд.
Вадуд Маҳмудӣ аз соли 1957 ба Душанбешаҳр рафтуомад ва дар ҳавлии хоҳараш – Салоҳатбегим буду бош дошт, ба корҳои илмии ҷиянаш – Холида Айнӣ, азбаски бедилшиноси варзида буд, кӯмак расондааст ва дар нашриёти «Ирфон» ба ҳайси муҳаррири ғайриштатӣ кор кардааст. Ғайр аз ин, Вадуд Маҳмудӣ, азбаски забоншинос ва луғатшиноси забардаст ҳам буд, дар кори мураттаб сохтани ҳар ду ҷилди «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ширкат дошт.
Чуноне ки дар сӯҳбат Наҷод изҳор дошт, падараш асари сегонаи Лев Толстой «Кӯдакӣ. Навҷавонӣ. Ҷавонӣ», романи М. Лермонтов «Қаҳрамони даврони мо»-ро тарҷума карда, ба нашр расондааст. Инчунин, пас аз даргузаштани вай қиссаи ҳуҷҷатии «Муаллим Абдуқодир Шакурӣ» (бо сарсухани устод Сотим Улуғзода) дар шумораи якуми соли 1990-уми маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расидааст.
Аз Вадуд Маҳмудӣ, мероси ғановатманде аз қабили ғазалҳо, рубоиёт, қасидаҳо, маснавиҳо, мақолаҳои тадқиқотӣ дар бораи Саъдии Шерозӣ, Бедил, Ҳофизи Шерозӣ, мақолаҳои зиёди публисистӣ, танқидӣ, илмӣ, ки дар солҳои бистум дар матбуот ба табъ расидаанд, дафтари хотирот, ки дар маҳбас навишта шудаанд, боқӣ мондаанд.
Адабиётшинос Баҳодур Карим рисолаи илмӣ-тадқиқотии пурарзишеро дар хусуси Вадуд Маҳмудӣ анҷом додааст. Аммо ҳамаи ин корҳо каманд. Эҷодиёти Вадуд Маҳмудӣ, ки ба забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ навишта шудаанд, муҳаққиқони худро мунтазиранд.


Ӯктам ИБРОҲИМ,
рӯзноманигор.
(Бознашр аз "Овози тоҷик", Тошканд)


 ВАДУД МАҲМУДӢ
 
Ҳабси нахустин


    Он рӯзҳое буд, ки дар боғ зиндагонӣ мекардем, дилу даст аз ҳар тараф канда. Бо дӯстоне, ки то он ҳангом ҳамростон буданд аксар бурида будем. Зеро фикри мо мувофиқат намекард. Ҳамин тавр танҳо зиндагӣ мекардем. Вирди забонам ҳамин рубоӣ аз Ӌамоли Қадам буд:
Эй дӯст балоят роҳати ӌонӣ ман аст,
Зиндон ки барои туст ризвонӣ ман аст.
Ман хизри раҳи ишқаму ин ӌавру ситам,
Дар зулмати хатар об ҳайвонӣ ман аст.
Модарам ки ин байтҳоро аз ман мешунавид, ваҳм мекашид, тешаам мекард ва аз он рӯ буд, ки мегуфт:
Писарӌон чаро ин оятҳоро мехонӣ, нахон! Ва ҳамон тавр ҳам пурандеша мегашт.
Дар ман як орзуи дарунӣ гирифторӣ ва маҳбусӣ ва ранӌу азият кашидан мезист. Бинобарон мазмуни ин рубоӣ аз замирам намерафт.
Гоҳе дар хоб ва гоҳе дар бедорӣ дар миёни шохи дарахтони пурбарг, ки вақти дароз кашида дар лаби ҳавз мехобидам як чашмсиёҳе намудор мекашид. Намедонам ин хаёл буд ё хоб, вале намедонистам, ки аз куӌост ва чӣ маъно дошта бошад. Он рӯзҳо ба ин муносибат ин ғазал навишта шуда буд:
Боз ёдам омад он чашмсиёҳ,
Вадуд Махмуди

Шод бош эй дил, ки ҳолат шуд табоҳ.
Гиряи шодем аз гардуни гузашт,
Чунки омад бар сарам он каӌкулоҳ.
Шод бош эй дил, ки дар роҳи ҳуббат,
Метапи дар хок нолон гоҳ-гоҳ.
Дар ҳавои ишқи ӯ гашти баланд,
Ту кӣ худ будӣ яке ночиз гоҳ.
Чунки донистам, ки бе калимоти ғам,
Ба туст лутфи файз з-он нури пагоҳ.
Алсало эй пир гардун алсало,
Ҳар чӣ дори кулфату ғам дар паноҳ.
Бар сари ин бенаво афкан,
То шавад ӌуръае з-он нур моҳ.
Дар ҳамон овон чанд хобе ҳам дидаам. Аждаҳое маро таъқиб мекард ман мегурехтам. Дафъаи дигар дидам, ки бо дучархае, ки як асп баста буд, дар тоз мерафтам ва саҳни масчиди гузари Махдуми Хоразмӣ дар яке аз ҳуӌраҳои торик, ки як сӯрохе дошт дарун рафтам.
Дафъаи дигар медидам, ки дар атрофи ман калпесаҳо мегаштанд ва Ҳазрати Валии Амруллоҳ ба ман мегӯянд, ки аз инҳо дар ҳазар бош, ки дар чашмашон хосияте доранд, ки ҳарчӣ мебинанд аксашро бурда месупоранд…
Ё боз дафъаи дигар дида будам дар пеши айвони боғе ҳамшираи бузургам хандаи баланд мекунад. Ҳамаи инҳо хабар аз оянда менамуданд ва ман ҳам мунтазир будам.
Дар ҳақиқат калпесаҳо атрофи маро гирифта буданд, омаду рафт мекарданд, пурсу ӌӯ доштанд. Ин ҳол ногузир буд, зеро ҳама ёру бародар ном доштанд. Ҳар чанд мухбирони махфӣ ба шумор мерафтанд, вале мо медонистем, ки ҳунарашон ҳамин буд, ки мекарданд.
Рӯзе як нафар аз инҳо, ки писари қозӣ буд, омаду рафт.
Рӯзи дигар як ду нафарашон бо ҳам меҳмонӣ омаданд.
Яке аз инҳоро аз онӌо таълим мекарданд, саволҳое медод ва ӌавобҳо мегирифт.
Хусусан рӯзе дар масоили фалсафӣ сӯҳбат ба ӌое расид, ки гуфт:
- Охир шумо аз куӌо медонед, ки ин олам холиқе дорад ва як замоне ба вуӌуд омада магар шумо дидаед?
Ман гуфтам: - Магар шумо ва он касоне, ки ба шумо ин саволро таълим мекунанд оё дидаанд, ки ин олам як замоне ба вуӌуд наомада ва ҳамеша буда?
Гуфт: - Шумо ин ӌавобро чӣ тавр ёфтед? Ҳақиқатан на муқбилин на манкарин ҳеӌ кадоме надидаанд ва дар ин қазия ҳамон баробари ҳамдигар ҳақ доранд, ҳама ҳукм асту исботе нест.
Дигари аз инҳо, ки ӯ низ аз дӯстон ба шумор мерафт ва маӌбурӣ хидмат дошт нишаста будем ва сӯҳбат мекардем, ин шахс пурсид:
- Имрӯзҳо ки сиёсиро ба номи дигар идораи НКВД ном карданд, дар вазифаи худ фарқе дорад ё на?
Гуфтам: - Ҳамон тос ҳамон ҳаммом. Фақат номаш дигар аст, ҳамон корҳое, ки онаш мекард, инаш мекунад.
Баъд дар овони ҳабс коғаз навиштаи ишонро бо хати худашон ба ман нишон дода буданд ва ба рӯи ман тамасхар мекарданд, ки дӯстони наздикеро ман ба худ гирифтаам, ҳамин тавр касоне ҳастанд.
Албатта ин барои ман сахт душвор буд, вале чӣ чора дӯстони ин замони мо ҳамин таврӣ буданд. Он вақт ба ёдам омад, ки Мавлавӣ гуфтааст:
З-ин ҳамроҳон сист аносири дилам гирифт,
Шери худову Рустами достонам орзуст.
Як ду байти ин ғазали Мавлавиро он замонҳо мухаммас карда будам, яке чунин баромада буд:
Ку он гурӯҳи пок, ки бар кафи олам гирифт,
Нури ӌинашон ману мо як қалам гирифт.
Рафтанд з-ин диёру диламро олам гирифт.
З-ин ҳамроҳони сист аносири дилам гирифт,
Шери худову Рустами достонам орзуст.
Хулоса рӯзе шуд, ки омаданд ва дар ҳамон даме, ки бо он ду ёри мувофиқ дар ҳамон боғи Масҳуд дар зери дарахти чормағз, ки зераш сабзае буд ва то ҳангоми ними шаб китобхонӣ ва сӯҳбат мекардем, як дафъа дидам, ки атрофи мо мардумони сасaллаҳ, ки ҳакамои рус буданд, печиданд ва яке аз онҳо пеш омад ва дар дасташ қабзи маҳбусияти ин банда буд, ки ба ман дод ва ба он ду нафар нигоҳи маънидоре кард. Маълум буд, ки онҳоро мешиносад ва шояд ҳам ба гумони фақир чунин омад, ки ишонро дар он шаб маъҳуд махсусан фиристода буданд, ки маро машғул доранд то ман ӌои дигаре наравам. Боз худо беҳтар медонад.
Пас дар кофту ков даромаданд. Салоҳ меӌустанд, ҳолонки ман салоҳи кор намефар-мудам. Ва чу зуд ба дами айвони даруни работ рафтам, ҳамшираам, ки нохушҳол буд ва сахт хобида буд, якбора аз хоб бедор шуда ва чанд нафар маслаҳеро ва дар он миён манро, ки ба ӯ мегуфтам:
-Матарс, ки омадаанд чизеро меӌӯянд, шанида як гиряи баланди талх кард.
Ин ҳамон таъбири хоби хандаи баланд буд, ки воқеъ шуд.
Аз онӌо он ду ёри мувоқифро гузоштам ва бо модару хоҳарон видоъ кардем ва як ду се калимаи тасаллиомезӣ ҳам додам, ки ҳеӌ ӌои тарсу ваҳм нест. Баъд аз чанд рӯзе хоҳам омад…Ва Содиқ ном ӌавонеро, ки дар он рӯзҳо меҳмони ман буд ва дар он дар гӯшаи дигар лаби ҳавз хобида буд, дар ҳамон ҳолат хоб гузошта, яъне ӯро ба ташвиш наандохта рафтем берун ва дар мошин савор шуда омадем то наздики ҳавлӣ, ки дар шаҳр буд.
Дар Чорсу, ки расидем мошинро нигоҳ доштанд ва яке, ки дар сараш ӌома печида буд токи касе нашиносад аз мошин поин омад. Ин агар хато накунам ҳамон Қозизода буд, ки барои нишондоди роҳи боғи ман баробар гирифта буданд.
Омадем ниҳони дар ҳамон болохонае, ки ал он дар ҳавлие, ки Махдуми Хоразм ҳаст. Аз шаб то дами субҳ ҳама ӌоро ӌустанд ва китобҳоро зеру забар мекарданд, варақ мезаданд, ба турбаҳо меандохтанд. Ин ҳамон болохонаест, ки чанд сол пеш дар соли 25-26 китоби Иқонро бо ҳаяӌони азиме хондаам ва дар ҳамон хона муваффақ ба иқболи амри бади гаштаам. Дар инӌо ёддошт намоям, ки дар ҳаёти ман се ӌои муборак дорам.
Яке ҳамин болохона аст, ки сабаби муборакиашро гуфтам.
Дувумин ҳамон гӯшаи боғ, ки дар боло гуфта шуд, ӌои ба ҳабс гирифти ман аст.
Севум дар боғчаи тозае, ки дар Намозгоҳ як каӌам хушсояе дорад. Дар зери ҳамин каӌам дафъаи дуюм маро ба ҳабс гирифта буданд. Ин се нуқта барои ман ӌои муборак ва муқаддас аст, ки яке аз ӌиҳати инки ман дар он хона бо амри илоҳӣ ошно гаштам. Дувум ва сеюм ӌойҳое, ки барои таблиғ ва интишори ин амр ба ҳабс гирифта шудаам, то субҳ дамид китобҳо ва маро бурданд ба шӯъбаи идораи сиёсӣ, ки сиктур мекашанд.
Ин рӯз 18 огуст соли 1929 буд. Чунки оварданду дар камар маро гузоштанд бе ихтиёр ин байтҳо ба забон омад:
Оқибат дар гирифт нолаи ман,
Ғуссаву дард гашт ҳолаи ман.
Руху чашмон заъфарону сурх,
Боғи ман гашту ашк жолаи ман.
Дам ба дам заҳр мекашам ба ӌигар,
Дили пурхуни ман пиёлаи ман.
Ӌигарам дуд кард аз даҳр,
Инчунин шуд шукуфта лолаи ман.
Ман надонам куӌо бирам акнун,
Сар бар шуру қалб волаи ман.
Беҳ, ки ба хоки остонаи дӯст,
Биниҳам тӯҳфа ин ду колаи ман!
Дар ин давраи аввали маҳбусӣ аз аҳиббои Самарқанд фақат маро танҳо гирифта буданд. Дигар касе аз он афрод ҳанӯз ба ин тоӌ муфаххир нагашта буд, ин буд, ки дар дафъаи дуюм рубоии ин гуфта будам:
Гӯянд раҳи шариати Ӌамоли Абҳо,
Дар ин кишвар намеравад бас боло.
Ҳолонки дар ин давра нони маҳбус,
Беш аз пешин шудааст аз мо инӌо.
Моҳи август буд, ангурҳо тоза мерасиданд, фақат хонае, ки маро дар онӌо дода буданд, танг буду гарм. Аз гилу чизе намегузашт. Тақибақ зиёд буд. Яке аз гуноҳҳои ман ин буд, ки чаро забони англисӣ мехонам. Як руси чашмкабуди фарбеҳе, ки гӯё саркори идораи Самарқанд будааст Иванов мегуфтанд, шабона маро талаб карда пурсу ков мекард, вақти пурсиш аз қутии миз бо таппончаи нагане бароварда пешаш гузошт ва чанд тир ҳам бароварда рӯи миз рехт ва ба ман аз ҳар тараф саволҳои гуногун медод.
Он рӯзҳое, ки маро гирифта буданд, яке аз таълифоти Абулфазоил, ки ба забони арабӣ дар Миср ба тозагӣ чоп шуда буд ва дар ин сафаҳот ягона нусхааш афтода буд ва ҳамон рӯзҳо аз Ашқобод оваронда будем.
Мехондам ва ҳанӯз то нисфаш фақат расида будам. Онро низ миёни китобҳо гирифта буданд ва дар ҳамон ӌо ба назарам хӯрд. Ин саркор ба ман чӣ саволҳое медод ва фикри ман дар он буд, ки ҳайфи он китобро тамом накарда будам ва мегуфтам:
- Дар ҳамаи ин ҳабсу бандии шумо як ҳасрате дар ман монд, чӣ мешуд, ки он китобро диҳед, мобаъдашро хонда бароям.
Эҳтимол саркор маро девона мешумурд, ки ман ғами дигаре ғайр аз ин надорам, ҳол онки ӌой ӌои китобхонӣ набуд, хонаи марг буд. Зеро дар яке аз гӯшаҳои ҳабсхона хонае буд, ки хонаи аӌал меномиданд ва ҳар шаб дар онӌо чанд нафареро ӌамъоварӣ карда бо занӌирҳо банду баст нигоҳ медоштанд ва ман бо вуӌуди ин он қадар бепарво будам.
Яке аз мустантиқоне, ки Жиликовский ном дошт вала буд, мазуни окодемияи ҳарбӣ буд, марди ботарбият буд, дуруштии бемаънӣ намекард. Рӯзе дар миёни сӯҳбат гуфт:
-Шумо худатон мебинед, ки бо шумо мо ҳеӌ гуна таснифи ногузорӣ раво намедо-рем, ин аст ки ҳар чӣ дар ҳақи мо мегӯянд, ки ину он ранг шиканӌа доранд, нодуруст аст!
Гуфтам: - Бале, ман шиканӌаие ғайр аз инки ноҳақ маро гирифтаед намебинам вале шаби гузашта ман, ки дар таҳхона ҳастам, дар болохонаи ман касеро пурсу ӌӯ мекарданд ва гоҳе аз ӯ овозҳои оҳу воҳ шунида мешуд ва чанд ва чанд нафаре давру пеши ӯ барои сокит кардани ӯ тиш-тиш мегуфтанд, тамоми шаб хоб кардану осудан натавонистам. Ин ҳою ҳу он қадар дардолуд буд, ки бо болин сарамро печидам, ба гӯшҳоям панба гузоштам ҳеӌ суд накард. Он чӣ коре буд намедонам ва ӯ кӣ буд, ки ӯ ин тавр муомилот мекарданд?
Мухотибам сукут карду инкор намуд ва ин шаб, дигараш дигари он овозу ҳою ҳу дар болохонаи ман воқеъ нашуд, магар ӌои дигар кӯчонда буданд.
Ин соли 1939 буд. Ҳанӯз он ваҳшате, ки дар солҳои баъд аз онаш медиданд дида намешуд. Ҳанӯз маъракаи галосетонӣ сар нашуда буд. Фақат мубориза бо дигар гуна фикр кунандагон мерафт. Аз тарафдорони Троцкий ва инқилобиюни деҳқон, ки «левые» мегуфтанд дар ҳар хона мениастанд.
Дар миёни ин инқилобиюн ман ӌавононе ва мардоне дидам, ки ҳақиқаттан соҳиби мафкура ва гапфаҳм, фидоӣ ва ӌонсипор, мардумдӯстӣ аз ишон намудор буд. Он рӯзҳо портиябозӣ ва портигарӣ бо ин бемаъногӣ, ки алон дида мешавад набуд. Алон касонеки дар фирқае, ки худашонро мансуб мегиранд абадан дарди халқу миллат дар ишон ҳувайдо нест, балки ӌоҳпарастӣ, итоатгарӣ бо сарболо, манфиати шахсигарӣ ва тарсуӣ ва бевиӌдонӣ аст.
Аз он рӯзе, ки ин инқилобиюнро дар Русия коммунистҳо шикастанд, ҳама инқилобият барбод шуд ва асоси демокроти хароб гардид, диктотуро сар шуд, ки то ҳол дарди ҳамонро мекашем ва рафтору кирдор бар зарари мардум ва мамлакат рӯзафзун давом дорад.
Он рӯзҳо аз миллатпарастон, ки ин марзу бум ба унвонҳои гуногун буданд, зиёд дида мешуданд.
Истиқлолхоҳон, озодихоҳон дар ҳар шаҳру деҳистону мактаб ва мадраса сар мезаданд, бинобарон аз ин гурӯҳҳо бисёр гирифта мешуданд, ки дар ҳамсоя камарҳои маҳбас аз ин қабилҳо менишастанд.
Дар ин зикр яке аз ин истиқлолӌӯёнро, ки Муродӌон ном дошт ва ҳақиқаттан фидокору нотарс буд накарда нагузоштан имкон надорад. Зеро ин шахс бисёр фаъолона кордорӣ мекард. Дар фирқаи миллатпарастони ин сарзамин яке аз ангуштнамоён буд. Бисьёр ӯро азият карданд вале ҳеӌ хабаре аз ӯ дар бораи ҳаммаслаконаш гирифта натавонистанд ва ӯ дар ҳамин кашмакаш талаф шуд.Балки ӯ дастхуш чанд нафар аз ҳамкоронаш, ки сустансарӣ карданд ва исрори хафияи ӌамъияташонро кушоданд, гардид. Худо раҳматаш кунад.
Ин истиқлолӌӯён чунонки ишонро маиб мекарданд, тақсире надоштанд. Зеро ин давра давраи озодии миллал аст. Ҳар миллат мехоҳад ва ҳақ дорад, ки кори худашро худаш бинад вале дар ин малак онҳоро ноҳақ гулӯлакорӣ мекарданд. Худованд ӌазои ин бефикронро бидиҳад.
Ҳамин тавр рӯзу шаби ман мегузашт. Рӯзҳо бисёр гарм буд. Аз боғ гоҳе ангур меоварданд. Иштаҳои хӯрдан набуд, касе ҳам набуд, ки ба ӯ бидиҳам, постбоне, ки дар даст туфанг пасу пеш дар мо мегашт садо кардам ва ангур додам, тарсон-тарсон ҳар сӯ нигоҳ андохта мехӯрд. Ин як ӌавони бадбахт укроинӣ буд чӣ медонист, ки олам чӣ аст, кор чист! Ӯро маӌбуран ба хидмати аскарӣ гирифта инӌо оварда нигаҳбони мо сохта буданд.
- Мепурсидам ту аз куӌоӣ?

- Мегуфт аз ӌои дур!
- Чӣ тавр инӌо омадӣ?
- Ман кай омадам, маро оварданд?
- Чӣ тавр аст аҳволи мамлакати шумо?
Чомае ки солхои 30 - 50
Вадуд Махмудиро аз
сардихои Сибир начот дод

- Бисёр бад, гуруснагӣ аст.
- Чӣ сабаб?
- Ҳар чӣ ҳаст аз даст мегиранд ва намедиҳанд.
- Надиҳанд намешавад?
- Ҳабс мекунанд ва ҳар тараф меронанд…
Истинтоқ давом мекард. Киҳоро мешиносӣ, дӯстону ёронат киҳо ҳастанд мегуфтанд.
Мегуфтам: - Дӯстони ман бисёр буданд вале аз он рӯзе, ки ман ин роҳро ба худ гирифтам, яъне баҳоиятро пазируфтам ҳама аз ман гурехтанд, ман танҳо мондаам.
Дар ин давра аз ман пештар аҳволоти фирқаи миллӣ-сиёсиро мепурсиданд ва гумон мекарданд, ки ман ҳанӯз дар он иштирок дошта бошам. Вале баъд аз 13 моҳ маълумашон шуд, ки ман дар миёни ишон набудаам, инро з-бузургони миллатпарастон дарёфт намуда буданд. Бинобарон тақсире, ки ба ман бастанд ин буд, ки гӯё ман бидуни ин тавр фирқаи миллиро медонистаам ва онро ба ишон хабар надодаам.
Бинобарон ба ман он давра се сол ҳабси логир доданд.
Дар боло зикри Содиқ номе гузашт, ки дар шаби ба ҳабс гирифтани ман, дар боғи фақир дар гӯшае хобида монда буд. Тариқи ошноии ман бо ин чунин буд.
Дар Самарқанд Атоуллохон табибе буд, ки овозаи донишмандии ӯ баланд буд ва ман бо ӯ шиносоӣ доштам. Дар ӌои дигар дар бораи ӯ муфассал навишта мешавад.
Гоҳе барои дидани ӯ ё барои гирифтани давое мерафтем. Ҳамин ранг рӯзе ба давохонааш рафта будам дидам, ки ӌавони эронӣ дар хидмати ӯ пайдо шудааст, ки пештар набуд.
Аз ӯ пурсидам: Тоза аз Ашқобод омада буда аз Маҳмудобод будааст. Ӌароҳате дар гарданаш пайдо шуда будааст, аз ҳудуд гузашта ва ба дуктурҳо муроӌиат намудааст. Вале саҳат наёфта бинобарон чун овозаи ин дуктури самарқандиро шанидааст омада дар онӌо ҳам муолиӌа мекунад ва ҳам хидмати ӯро мекунад.
Дафъаи дигар, ки боз барои дидани дуктур омада будам, боз пурсу пос кардам, маълум шуд, ки ӌавони бесаводе ва тозатасдиқ аст.
Гуфтам: - Ту ки дар инӌо мусофирӣ агар гоҳе дилтанг шавӣ хонаи мо биё, меҳмон бишав. Албат ӌое надорӣ, ки биравӣ. Қабул кард. Рӯзе омад, якчанд соат буд. Баъд аз чанд рӯзе омад. Ин дафъа гуфт, акнун ман тамоман омадам, дигар намеравам.
Гуфтам: - Чаро?
Гуфт: - Бо дуктур гапамон гурехт.
Гуфтам: - Худат медонӣ. Бихоҳӣ инӌо бош то замоне, ки хоҳӣ.
Мехостам миёни ишонро ислоҳ намоям, тасмимият дар нагирифт, ҳамин тавр ин ӌавон дар хонаи мо монд.
Ман гуфтам:- Агар хондан мехоҳӣ дар мадрасае бигзорам, агар санъатӣ мехоҳӣ ӌое дуруст кунам. На ҳеӌ кадомашро намекард. Худам чанд ҳарфе таълим кардам бо майдоне, ки шояд саводе бароварда бошад, он ҳам нимакора монд.
Ҳамин тавр дар хонаи мо буд, ки буд. Боғ кӯчидем бо ҳам ӯ низ буд. Мехост шаҳр меомад, мехост мемонд, ман ба ӯ коре надоштам, зеро нахостам ӯ биранӌад, мусофир буд, ӌои дигар ва каси дигар надошт. То он рӯзе, ки маро омаданду ба ҳабс гирифтанд ва ӯ ҳам чунонки дар хоб буд бехабар монда буд.
Баъд аз рафтани ман чун субҳгоҳӣ аз хоб бедор мешавад модарам ба ӯ мегӣянд: - Содиқ! То ҳолки бародарат инӌо буд ту бо ӯ мебудӣ, акнун ӯро гирифтанд ту ҳам сарҳоби худатро бин!
Ӯ гуфтааст: - Ман ӌое намеравам бо шумо хоҳам буд то замоне, ки бародарам биёянд! Ҳамин тавр баъд аз ман ӯ дар хонаи мо будааст.
Соли тангиҳо сар мешуд. Ҳукумат, ки тадбирҳои дуруст кардани ҳамкории деҳқононро медид, рӯз ба рӯз зиндагонӣ сахттар мешуд.
Ҳанӯз рӯзи охар, ки дар озодӣ будам, рӯзе барои нон гирифтан бозор баромадам дидам, ки мардум пушти сари якдигар истодаанд.
Мепурсидам: - Чӣ хабар аст?
Гутанд: - Барои нон истодаанд ва аз бурун хабаре надоштам.
Рӯзи ҳаррӯзаи ман мерасид, аз боғ ҳам ҳамин Содиқ барои ман нону ширу қаймоқу меваӌот меовард.
То вақте ки дар боғ буданд корҳои боғро медидааст, пас аз кӯчидан ба шаҳр ба яке аз дӯконҳои нонфурӯш ба кор даромадааст. Чунон нонашон сероб шудааст, ки говашонро ҳам бо нон мепарварданд. Ҳамин тавр ин Содиқ барои дидани ман дар ҳабси Тошканд ҳам якчанд дафъа омад. Хонаи мо беодам намонда буд. Хидмати хубе барои мо мекард.
Баъд аз ин рӯзҳои танг гуруснагии сахт дар Самарқанд ва дар тамоми ин сафаҳот сар мешавад. Бисёр касон аз гуруснагӣ мемиранд. Дар ҳамон овон бародарони Содиқ, ки дар он тарафи сарҳад буданд, барои дидани ӯ меоянд. Вақте ки онҳо ба Самарқанд ворид мешаванд, дар Регистону кӯчаҳои Самарқанд бачагони навӌавонон гурусна мехобиданд ва фарёдкунон:
- Худоӌон нон мегуфтанд.
Ин бародарони Содиқ ба чашми худ бовар намекарданд, мегуфтанд дар он сӯи сарҳад, яъне замини Эрон касе нест, ки нон бихӯрад, ҳама ӌо пургандуму орду хӯрданӣ аст.
Ва дар худи ҳамин ӌо низ ҳама чиз буд, вале ин тадбири хидмат барои маӌбур кардани мардум буд ба дохил шудани колхоз. Барои як муассисае, ки то ал он, ки си сол мегузарад ва ҳанӯз лаёқати худашро собит накардааст ва мардум аз ӯ безоранд, чӣ қадар талафоти ӌонӣ медод.
Бародарони Содиқ ӯро мехостанд ба вилояти худашон бибаранд, ҳар чӣ мегуфтанд ӯ қабул намекардааст ва мегуфтааст:
- То бародарам аз ҳабс наёяд, ман аз хонаи ӯ ӌое намеравам. Бародарони ӯ гирён, нолон бе ӯ баргашта рафтанд.
Ҳамин тавр Содиқ дар хонаи мо буд ва идора мекард, кораш ҳам хуб буд, гузаронишон дуруст будааст. Ман намедонам аз ӯ миннатдор бишавам ё аз меҳр сабр корҳои бандагон, Содиқ куӌо буду ман куӌо? Чанд рӯзе пеш аз ҳабс ӯро ба ман оварда супурд то, ким ан осуда дар банд банди ӯ бимонам. Сари инҳоро ҳар касе намедонад. Ба ин муносибат як ояи Инӌил ба ёдам омад, ки мефармояд:
- Шумо хидмати маро бикунед, ман умри шуморо кифоят намоям. Дар ин воқеъ ман ин амрро муоина медидам.
Ин Содиқро ба касри ман гирифта буданд, чанд моҳе нигоҳ дошта вел карда буданд. Вале дар соли 47 чанд нафар аз аҳиббои Самарқандро, ки дар давраҳои гузашта нагирифта буданд, ин дафъа гирифтанд, дар он миён ҳам Содиқ ҳам буд, ки то имрӯз маҳбус аст. Ҳанӯз бар нагаштааст. Зану ду фарзандонаш нигаронанд.
Содиқ ҳамин рӯзҳо навиштааст, ки дар логир як ду дандони тилопӯш, ки дошта буд, дуздон ба зӯр гирифтаанд ва акнун дандони тоза гузоштан ёки дуруст кардани он хароб шудаҳоро лозим доштааст. Камтар пул фиристодам, кис арф кунад. Ин тавр дандоншиканиҳо дар логир шуда меистод. Ҳар касе, ки дандони тало дошт дар шаҳри мо кам буд. Ё онҳоро худашон гирифта мемонданд ёки албатта дар дасти зӯраворон меафтоданд ва онҳо ду се наве шуда зери пояшон гирифта бо зарбу лагат мегирифтанд.
Як рӯзе воқеаи дигаре ҳам шуд. Ман он вақтҳо дар логир ба сифати коркуни маъданӣ хидмат мекардам. Дар Талибарзу будем. Як шаб аз Тошканд бо мошин як ҳайате аз коркунони шӯъбаи сиёсии марказӣ омаданд. Моро аз хоб бедор карданду бо фонусҳо бурданд сари қабристоне, ки маҳбусинро мегӯронданд. Ва дар онӌо гӯрҳоро мекобонданд, бо табар ӌоғи мурдаҳоро шикаста нигоҳ мекарданд, ки кадомаш дандони тало дошта бошад. Ҳамин тавр он чӣ ҳам нагирифта монда шуда бошад, мегирифтанд.
Ин хуб тамошое буд. Ман ҳам ба сифати коркуни маъданӣ ба он сабр мекардам, вазифаи мадании худро адо мекардам.
Бо Содиқ ду нафари дигар Тамҳид ва Аҳрор Махдумро низ гирифта буданд, ки ҳар кадоми онҳо 7 сола нишаста бар гаштанд.



ВАДУД МАҲМУДӢ КӢ БУД?
 
(Тав. 8.10.1897, гуз. Хоҷа Зулмуроди ш. Самарқанд – ваф. 10.03.1976, ш. Душанбе), омўзгор, ходими маориф, нависанда, шоир, мунаққид, тарҷумон, луғатшинос, забоншинос, адиб. Тағои Камол Айнӣ ва табиби маъруф, академик Ҳомид Мансуров. Саводашро то ҳафтсолагиаш дар хонаи падараш – мударриси мадрасаи Хоҷа Зулмурод мулло Маҳмудҷон Махдум баровардааст ва баъд дар мактаби машҳури усули ҷадиди Абдулқодири Шакурӣ таҳсил кардааст. То ғалабаи Инқилоби Октябр дар ин мактаб аввал халифа – шогирд ва баъд муовини муаллими худ шуда кор кардааст (1909-1918). Дар мактаби олии «Алия»-и ш. Уфа ва баъд дар Институти адабӣ – бадеии ба номи Бирюсови ш. Москва таҳсил кардааст (1918-1919). Муаллими мактаби №1 ва курсҳои муаллимтайёркунӣ. Мудири шўъбаи маорифи халқи ш. Самарқанд, мудири маорифи н. Ҷиззах (1920-1926), мудир ва муҳаррири маҷаллаи «Маориф ва ўқитувчӣ», рўзномаи «Зарафшон», «Маърифат ва маданият» (1920-1926). Сипас дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд ҳамчун тарҷумон, ходими адабӣ фаъолият кардааст (1927-1929). Соли 1930 ба Сталинобод (ҳоло Душанбе) омада, дар системаи маорифи халқ ва баъд дар ИЗА ба номи Рўдакии АФ Тоҷикистон вазифаҳои гуногунро ба ҷо овардааст. Дере нагузашта бесабаб ба ҳабс гирифта ба Ўзбекистон, Алмаато, Архангелск бадарға шуд, ки минбаъд бо Қарори Ҳукумат бегуноҳ эътироф гардид (1930-1954). Муаллифи аввалин алифбо ба ҳуруфи лотинӣ (1927), китобҳои дарсии «Омўзиш» (иборат аз 3 қисм, бо ҳамқаламии Т. Зеҳнӣ, 1927-1928), «Сарфи амалӣ» (барои синфҳои 2, 3, 4), «Дастури амалӣ» (сарф барои синфи 2 ибтидоӣ) ва ғ., ҳамчунин «Сабзаи навхез» (маҷмўаи шеърҳо). Душанбе, 1930, қиссаи ҳуҷҷатии «Муаллим Абдулқодири Шакурӣ» (с.1990 бо сарсухани С. Улуғзода дар моҳномаи «Садои Шарқ» №8 ба табъ расидааст). Ашъор ва романи манзуми А.С. Пушкин «Евгений Онегин», асарҳои Л. Толстой «Бачагӣ, наврасӣ, ҷавонӣ», маҷмўаи ҳикояҳои М. Горкий ва И. Тургенев, «Гамлет»-и У. Шекспир, «Саёҳат ба маркази Замин»-и Жюл Верн, «Масалҳо»-и И. Крилов ва дигар адибонро ба тоҷикӣ гардонидааст. Дар таҳияи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969) саҳми бориз гузоштааст.

«Аслҳо ва наслҳо», Душанбе, соли 2013


ВАЗИРИ ФОЙТУНСАВОР


Аҳли қалам қариб ҳар рўз даст ба «Фарҳанги забони тоҷикӣ» мебарад ва мазмуну маънои ин ё он калимаи заруриро меёбад. Вале камтар касон огоҳанд, ки яке аз мураттибони ин китоби ҷомеъ ва мукаммал – Вадуд Маҳмудов чӣ  рўзгори печидаю душвореро сипарӣ намудааст. Воқеан Вадуд Маҳмудов кист, ки ҳамроҳи устодон Тўрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим ва дигар олимони номвари луғатшинос ин китоби мўътабартарини маърифатомўзии моро тартиб додааст?

Вадуд Маҳмудов (Маҳмудӣ) аз ҷумлаи аввалин шоирон, олимон, нависандагон, тарҷумонҳо, фарҳангшиносон мебошад, ки дар даврони таърихи навини миллати тоҷик зуҳур кардаанд. Ў дар хонадони марди фозили Самарқанд ба дунё омада, ба шарофати истеъдоди фитрии худ соҳиби маърифати замон мешавад.

Вақте ки Файзулло Хоҷаев соли 1920 раиси Шўрои Комиссарони Халқ таъйин гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шўроии Бухороро ташкил менамояд, ба Вадуд Маҳмудӣ вазифаи нозири (вазири) маориф пешниҳод мешавад. Дар ин вақт ў ҳаждаҳсола будааст. Пас ин ҷавонмард дар чунин синну сол низ ҳамзамононро бо донишу маърифати баланди хеш мафтуну тасхир намудааст, ки ба ин мансаби олӣ сазовор донистаанд. Чи тавре ки ҷиянҳои Вадуд Маҳмудӣ – олимони машҳури ҷумҳурӣ, устодон Ҳамид Мансуров ва Камол Айнӣ ёдоварӣ менамоянд, Ҳукумати Ҷумҳурии Бухоро ба Вазорати маориф як адад фойтуни сурх ҷудо карда будааст. Бинобар ин Вадуд Маҳмудиро вазири фойтунсавор мегуфтанд.

Тибқи маълумот Вадуд Маҳмудӣ пас аз таҳсил дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро дар шаҳрҳои Қазон ва Маскав низ муддате хонда, дорои маърифату саводи баланд гардидааст. Забонҳои арабӣ, англисӣ ва русиро ба дараҷаи аъло медонистааст.

Пайваста ба кори вазорат Вадуд Маҳмудӣ романи «Қаҳрамони даврони мо»-и М.Ю. Лермонтов, шеърҳо ва романи манзуми «Евгений Онегин»-и А.С. Пушкин, силсилаи ёддоштҳои сегонаи «Бачагӣ», «Наврасӣ», «Ҷавонӣ»-и Л.Н. Толстой ва асарҳои назму насри дигар адибони бузургро бо маҳорати баланд тарҷума намудааст.

Вале дар айёми ҷавонӣ ба вазири донишманд гўё чашм мерасад. Ҳанўз дар солҳои бистум ў гирифтори зиндон шудааст, ки дар ин хусус Камол Айнӣ чунин ҳикоя мекунанд.

В. Маҳмудӣ бо супориши идораҳои болоӣ муллоҳои иртиҷоиро танқид менамоянд, ки бар асари ин муллоҳо балво мебардоранд. Пас ҳукуматдорон «Муллоҳоро шўрондӣ» гўён В. Маҳмудиро ба ҳабс мегиранд ва ба чўли Муғони Ҷумҳурии Озарбойҷон бадарға менамоянд. Бо ҳамин В. Маҳмудӣ борҳо таҳти таъқиб ва ба ҳабс гирифтор мешавад. Мувофиқи гуфтаи устод Камол Айнӣ В. Маҳмудӣ ҷамъан 23 сол асири зиндонҳои гуногуни шўравӣ гардидааст. Бори охирин В. Маҳмудӣ ба самти шимол, ба вилояти Архангелск маҳкуми ҳабс будааст. Ва К. Айнӣ, ки он солҳо дар шаҳри Ленинград таҳсили илм доштанд, ба ҳамон ҷо ба хабарагирии тағоятон рафтаанд.

— Мўҳлати ҳабсатон ба охир расиду чаро озод намешавед? – мепурсад К. Айнӣ аз тағояшон.

— Ду нафар тоҷики ҳамдиёрам дар ҳамин ҷо низ иғвогарӣ карданд. – ҷавоб медиҳад В. Маҳмудӣ.

Маълум мешавад, ки он ду нафар ҳаммилатон дар ҳабсхона «бедории сиёсӣ» нишон дода, ба калонҳо хабар медиҳанд, ки В. Маҳмудӣ дар вақташ ошпази амири Бухоро буд ва ў аз табақаи бойҳо ва амалдорон аст. Дар ҳуҷҷатҳо бошад, баромади В. Маҳмудӣ аз табақаи камбағалон қайд ёфта будааст. Бинобар ин дастгоҳи қазовати ҳабсхона «Ҳукумати шўравиро фиреб додӣ» гўён ба ҳукмномаи В. Маҳмудӣ боз панҷ сол илова менамояд. Ба ҳамин иллат маҳбусии ин марди адиб ва фарҳангсолор тўл мекашад.

Тавре ки профессор ба хотир меоранд, боре устод С. Айнӣ гуфта будааст, ки «Вадуд Маҳмудӣ дар адабиёт аз ману устод Лоҳутӣ ҳам тавонотар буд. Вале афсўс, ки ў дар ҳабсхона шароити такмили донишу маҳорати худро надошт…»

Асарҳои тарҷумакардаи В. Маҳмудӣ борҳо чоп шудаанд. Вале дар ин асарҳо номи тарҷумонро зикр намекарданд.

В. Маҳмудӣ ба забони ўзбекӣ низ мақолаҳои адабиётшиносӣ эҷод кардааст. Ва ўро дар кишвари Ўзбекистон яке аз адабиётшиносони маъруфу забардаст эътироф намудаанд. Зимнан В. Маҳмудӣ доир ба эҷодиёти нависандаи тавонои ўзбек, муаллифи романҳои «Айёми гузашта», «Каждум аз меҳроб» ва ғайраи Абдулло Қодирӣ як силсила мақолаҳои ҷолиб навиштааст, ки сонитар инҳо яке аз боби «ҷиноёт»-и В. Маҳмудӣ мегарданд, зеро ин адиби ўзбек низ душмани халқ ва маҳкуми зиндон шуда буд.

Хушбахтона Вадуд Маҳмудӣ аз он ҳабсхонаи мудҳиш ҷон ба саломат бурда, ба Самарқанд бармегардад. Роҳбари онвақтаи кишвари Ўзбекистон Шароф Рашидов нисбати В. Маҳмудӣ қадршиносӣ карда, ба ў аз Самарқанд хона медиҳад ва барояш нафақаи хуб таъйин мекунад.

Фарҳангшиноси барҷастаи тоҷик Вадуд Маҳмудӣ солҳои охири умри худро дар таҳияи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (ду ҷилд) сипарӣ менамояд. Мутаассифона, фавти ин марди донишманд, соли 1976 дар шаҳри Душанбе ба таври фоҷиавӣ рўй додааст. Чашмони В. Маҳмудӣ дар ҳабсхонаи пурзаҳ хира шуда буданд. Шомгоҳе ў дар чоҳи қубури обгузар тасодуфан афтода, осеби сахт мебинад ва бар асари ин оламро падруд мегўяд. Оромгоҳаш дар қабристони Сари Осиёи пойтахт воқест…
М. Суруш,

Б. Муртазо


ДРУГОЙ АЙНИ

Четыре года назад - 14 августа 2010 года, не стало известного таджикского ученого-литературоведа, академика Камола Айни - сына основоположника советской таджикской литературы Садриддина Айни, который посвятил свою творческую жизнь продолжению отцовского дела, изучению и пропаганде таджикско-персидской литературы и культуры.


ДЕТСТВО

СЕМЬЯ писателя разрешила прочитать личные дневники писателя, которые скоро будут изданы в виде отдельной книги. Не ожидала, что дневники пишутся в таком красивом литературном стиле: мне даже показалось, что это – продолжение «Старой школы» С. Айни, только в другом измерении, при другом политическом строе. Поражает, каким наблюдательным был Камол Садриддинович, описывая то или иное историческое событие своего времени. Интересный факт: в семье
Камол Айни
Садриддина Айни вместе со своей сестрой воспитывался двоюродный брат Камола Айни - в будущем самый известный гастроэнтеролог республики Хамид Хусейнович Мансуров, волею судьбы рано оставшийся сиротой. С ним проходило детство Камола, и именно с ним связаны самые интересные приключения его жизни.

Камол Айни отмечает, что отец старался привить сыну любовь к ремеслам. Так, молодой Камол, принимая участие в строительстве дополнительных построек в их доме, учился у усто Кобила и по своей инициативе построил беседку в саду.
Многие исторические события того времени нашли свое отражение в этих дневниках. В частности, интересен тот факт, что Садриддину Айни, как известному государственному деятелю, дважды выделяли для поездок немецкий автомобиль «М-1», а он подарил их наиболее нуждающимся учебным заведениям: педучилищу в г.Пенджикент и Таджикскому институту в Самарканде.
В тридцатые годы хотели убрать букву «ф» из узбекского алфавита. В этих целях в Ташкенте провели грандиозное мероприятие, на которое пригласили всю научно-культурную элиту республики.
КАМОЛ АЙНИ пишет:
«Я тоже был на том мероприятии вместе с отцом, носил его трость. Отец сидел вместе с устодом Гафуром Гулямом в заднем ряду. Председательствующий сказал, что последним обсуждаемым вопросом мероприятия будет исключение буквы «ф» из узбекского алфавита, так как «весь Ташкент практически не употребляет эту букву и вместо, например, «фойтун» (фаэтон) говорят «пойтун», вместо «фалсафа» (философия) – «палсапа» и т.д. Отец, которого Гафур Гулям считал своим устодом, обратился к нему со словами: «Спроси-ка у них, как они будут тогда называть Российскую Федерацию?» Тот ответил, что дождется, когда пройдет голосование, чтобы потом нанести сокрушительный удар. Когда вопрос все же был задан, председатель покраснел, потом разорвал все протоколы, заявив, что «Российская Федерация считается для республики старшим братом».

Студентческий скандал

В 50-е годы, когда Камол Айни учился на факультете востоковедения Ленинградского госуниверситета им. Жданова, разразился скандал, связанный с выпуском подпольного студенческого журнала «Самиздат». Однажды Камол познакомился со студентом-отличником, ленинским стипендиатом Акифом Назаровым, который, как оказалось позже, был одним из учредителей этого журнала. В разговоре выяснилось, что студенты хотят один из номеров посвятить некоторым неуместным партийным решениям, в результате которых несколько выдающихся художественных произведений искусства и литературы, не имеющих ничего общего с политикой, попали в списки запрещенной литературы и были приговорены забвению. Так, в Таджикистане одним партийным решением была запрещена постановка спектакля «Тахмоси Худжанди».
«Я хорошо знал историю о старинном герое этого произведения. В годы Второй мировой войны Драмтеатр им. Лахути приезжал на гастроли с этим спектаклем в Самарканд, и я за месяц успел посмотреть постановку 6-7 раз…», - пишет Айни-младший.
Когда К. Айни рассказал Акифу, что эта постановка не имеет никакой политической подоплеки, его попросили написать статью об этом. Так, Камол написал для журнала статью «Тахмоси Худжанди – народная сказка». На следующий день Акифа и его друзей арестовали. Также к ответственности были привлечены все авторы материалов, в том числе и Камол. Благодаря письму-ходатайству декана факультета востоковедения ЛГУ Струве, в котором говорилось, что автор не имел ничего против режима и всего лишь рассказал об истории древнего героя, Камолу Айни удалось избежать наказания.

КАМОЛ и "БАТЯ"

ЕДИНСТВЕННЫЙ дядя по материнской линии Камола Айни - писатель Вадуд Махмуди еще в тридцатые годы прошлого века был приговорен в общей сложности к 23 годам каторжных работ за свои откровенные выступления против политики территориального размежевания и уличался в национализме. Последние 10 лет срока он отбывал на полуострове Ерцево Архангельской области. Садриддин Айни написал сыну-студенту письмо, в котором рассказал, что власти дали разрешение дяде на свидание с близкими родственниками, так как с 1937 года его никто не навещал. Так как мать Камола была больна и не могла навестить единственного брата, то сын напросился сам поехать к дяде. Для этого ему из Самарканда прислали огромную посылку, в которой были продукты, махорка и теплая одежда для дяди.
Для студента, который был на особом счету у комсомольских и специальных политических органов за свое участие в запрещенном журнале, такая поездка была опасной. Получив специальное разрешение в спецотделе МВД СССР, на поезде он отправился в Архангельск, а оттуда с большим трудом - до лагеря. Оказалось, что дядю Вадуда здесь все называли Батей, уважая его начитанность, возраст и долгий срок за решеткой.
«Открылась дверь, и на пороге появился человек в потрепанной одежде, обросший, на голове – грязная лохматая шапка. Я даже засомневался, мой ли это дядя? Ведь я не видел его с 1937 года. А незнакомец произнес на таджикском: «Камолджон, племянник мой, добро пожаловать!» - читаю в дневнике Камола Айни, а затем ниже:
«Мое уважение к дяде усилилось после рассказов отца о нем:
- Если бы твой дядя не вступал в разные политические движения, он был бы несравнимым философом. Также у него был свой писательский стиль, богатый, но понятный язык изложения. Он написал столько учебников, а переведенный им «Герой нашего времени» Лермонтова хочется читать и читать…».
На прощание «Батя» попросил племянника при подготовке очередной посылки найти в его личной библиотеке собрание стихов Бедиля и каждое яблоко или орех в посылке обернуть листочками из этой книги, чтобы с заключенными, среди которых были именитые ученые, поэты, писатели, философы, читать Бедиля и ставить постановки по нему.
«Осознал, что возвратился из такого ужасного, страшного места, как одна часть полуострова Ерцево, снова в круговорот прежней, обыденной, повседневной жизни, к которой привык, со всеми ее лозунгами о счастье и свободе. В мир, где всего 20-30 дней назад официальные органы допрашивали меня и моих друзей-студентов из-за нескольких ребяческих статей. Понял, что от «рая» до «ада» – всего один шаг…», - пишет в конце повествования Камол Айни.

ПОСЛЕДНЯЯ ВСТЕЧА

ПОСЛЕ учебы Камол Айни вернулся в Душанбе, работал старшим сотрудником в Институте языка и литературы им. Рудаки, некоторое время занимался подготовкой и изданием письменного наследия. Когда при институте был создан отдел востоковедения и литературного наследия, он стал заместителем заведующего. Позже при отделе впервые был создан сектор текстологии, которым руководил Камол Айни. С 1965 по 1972 годы, по решению АН СССР, в рамках программы научно-культурного сотрудничества между СССР и ИРИ он был откомандирован в Исламскую Республику Иран для изучения совместного письменного наследия персоязычных стран. Вернувшись на родину в 1976 году, Камол Айни руководил сектором иранистики АН Таджикистана. Он - автор более 400 научно-популярных статей. Одними из важнейших его научных работ являются издание пятитомника «Исследование древней культуры и знакомство с «Авестой» (Франция-Париж, 1999) совместно с Масъудом Миршохи и Парвона Джамшедом и книга «Первое упоминание и издание «Авесты» в России» (Париж, 2001).
В результате многолетней научно-литературной деятельности Камол Айни был принят в члены различных ассоциаций, научно-культурных центров десяти стран Европы, США и Канады. В 1990 году Камол Айни был избран седьмым победителем международной премии иранского наследия - Бунеди Афшор (Иран) и практически явился единственным ее получателем на постсоветском пространстве. А в 2008 году Республика Иран в сотрудничестве с ЮНЕСКО учредила международную премию им. ал-Фараби, которую в том же году получили 17 выдающихся ученых мира, в том числе и Камол Айни. В конце ХХ века он был признан единственным в Центральной Азии ученым, получившим 575 голосов, при избрании академиком высших учебных заведений РФ в сфере востоковедения. Также он являлся заслуженным деятелем науки и техники Республики Таджикистан.
Неоценим вклад ученого также в подготовку и издание 9-томника «Шахнаме» великого Фирдавси, избранных произведений в пяти томах Абдурахмона Джами, собрания сочинений Садриддина Айни в 15 томах. Незадолго до смерти Камол Айни подготовил к печати последнюю редакцию «Намунаи адабиёти точик» (Образцы таджикской литературы), которая будет презентована на днях.
- За два дня до этого трагического дня устод приходил в институт, - вспоминает завотделом текстологии и письменного наследия Института востоковедения и древних рукописей АН РТ, кандидат филологических наук Али Мухаммадии Хуросони. - Он подарил мне книгу под своей редакцией «Вис ва Ромин» Фахриддина Гургони, которая была издана в Тегеране, и попросил, чтобы я подготовил эту книгу на кириллице. Я и не знал, что это была наша последняя встреча…
По словам Хуросони, только одним своим исследованием творчества Малехо Самарканди Камол Айни внес неоценимый вклад в мировую литературу.
… 14 августа этого года Камола Айни не стало. Ему было 82 года. 15 августа он был похоронен рядом с отцом в столичном парке имени С. Айни.
По словам сына ученого – Ираджа, у отца было много планов: он хотел переоборудовать домашнюю библиотеку, на столе остались незаконченные рукописи...
- Отец страшно болел за таджиков, за нашу культуру и историю, все нападки со стороны принимал болезненно, - вспоминает его дочь Лайло, вытирая слезы. – Понимаю, что возраст, но отец был таким жизнерадостным, он хотел все успеть.
(Опубликовано в сокращении. Полная версия материала была опубликована 30 сентября 2010 года).
Источник: Азия-Плюс

 9 ФРАГМЕНТ СЦЕНАРИЙ ДОКУМЕНТАЛЬНОГО ФИЛЬМА "НИСАР"
 
Вадуд и Нисар дружили, два космополита, они были ровесниками. Оба изучали языки, знали прекрасно персидскую и мировую литературу, серьезно увлекались политикой и активно занимались просветительской деятельностью.
Вадуд Махмуди (1897 – 1975) единственный родной брат Салохат-бегима Айни, жена Садриддина Айни, мать Камола Айни. Писатель и литературовед Вадуд Махмуди еще в тридцатые годы прошлого века был приговорен в общей сложности к 27 годам каторжных работ за свои откровенные выступления против политики территориального размежевания и уличался в национализме. Махмуди -космполит по натуре, был последователем Бахаизма, одно из уникальных учений с общечеловеческими ценностями. Это были самые абсурдные обвинения в его адрес. По словам Садриддина Айни, Вадуд Махмуди во всем (история, поэзия, теория литературы) был намного силнее Айни и Лахути. Десятки лет проведенные в лагерях не дали ему возможность реализовать себя. Одним из обвинений было изучение английского языка. Вадуд Махмуди писал и на таджикском и на узбекском. Является одним из основных авторов Толкового словаря таджикского языка «Фарҳанги забони тоҷикӣ». Писал первые литературоведческие статьи- анализы о новой узбекской литературе. Последние 10 лет срока он отбывал на полуострове Ерцево Архангельской области. Садриддин Айни написал сыну-студенту письмо, в котором рассказал, что власти дали разрешение дяде на свидание с близкими родственниками, так как с 1937 года его никто не навещал. Так как мать Камола была больна и не могла навестить единственного брата, то сын напросился сам поехать к дяде. Для этого ему из Самарканда прислали огромную посылку, в которой были продукты, махорка и теплая одежда для дяди. Вот что писал Камол Айни об этой встрече: Оказалось, что дядю Вадуда здесь все называли Батей, уважая его начитанность, возраст и долгий срок за решеткой. «Открылась дверь, и на пороге появился человек в потрепанной одежде, обросший, на голове – грязная лохматая шапка. Я даже засомневался, мой ли это дядя? Ведь я не видел его с 1937 года. А незнакомец произнес на таджикском: «Камолджон, племянник мой, добро пожаловать! Мое уважение к дяде усилилось после рассказов отца о нем: - Если бы твой дядя не вступал в разные политические движения, он был бы несравнимым философом. Также у него был свой писательский стиль, богатый, но понятный язык изложения. Он написал столько учебников, а переведенный им «Герой нашего времени» Лермонтова хочется читать и читать…».
На прощание «Батя» попросил племянника при подготовке очередной посылки найти в его личной библиотеке собрание стихов Бедиля и каждое яблоко или орех в посылке обернуть листочками из этой книги, чтобы с заключенными, среди которых были именитые ученые, поэты, писатели, философы, читать Бедиля и ставить постановки по нему.
Safarbek Saleh















Ахмад Зохир БУХАРА Душанбе Душмани №1 точик - вируси М Исфара Хабиб Саид Хабиб Саид - YouTube Хабиб Саид - SoundCloud Таджикская музыка Таджикистан в картинках